Ахбори Точикистон Имруз - 04.10.2021 | novosti tajikistana

0 Просмотры
Издатель
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ва ифтитоҳи боғи марказии ноҳия

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Мақсад аз ин сафар ифтитоҳи якчанд бинову иншооти дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëдгардида, мулоқоту дидорбинӣ бо мардум ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо мебошад.

Дар маркази ноҳия сокинони касбу кори гуногун Сарвари хирадманду инсонпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳия Боғи марказиро, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи ҳадафи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пурра таҷдиду навсозӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғ дорои ду дарвозаи мунаққаши бо унсурҳои миллӣ ороëфта мебошад. Масоҳати умумии боғ 3,5 гектарро ташкил медиҳад ва дар он шароити хуби истироҳат фароҳам оварда шудааст. Иншоотро сохтмончиëни ватанӣ бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон навсозӣ намудаанд.

Дар тарафи чапи иншоот амфитеатр бунëд карда шуда, дорои 1000 ҷои нишаст мебошад ва ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои оммавӣ мусоид аст. Акнун сокинон, бахусус ҷавонони саодатманди ноҳия имкон доранд дар ин иншооти замонавии фарҳангӣ вохӯриву мулоқотҳои судманд баргузор намоянд.

Ҳудуди боғро 1250 ниҳолу дарахтони ороишии ҳамешасабз, аз қабили туя, можевелник, каштан, сӯзанбарг, санҷид ва ғайра зеб медиҳанд, ки аз ин теъдод 600 бех нав шинонида шудааст. Майдони гулкоришуда ва майсазор 2,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар гӯшаи боғ обанбор бо ғунҷоиши 160 метри мукааб сохтаанд. Гулу дарахтони мавҷуда ба таври муосир ва бо истифода аз 1000 обпошаки худкор обëрӣ мешаванд.

Дар дохили боғ майдони рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунëд карда шудааст. Масоҳати майдони мазкур 625 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Рамзи 30-солагии Истиқлолият дар сутунпояи зебо ороëфтаи баландиаш 14,5 метр насб шудааст, ки диққатҷалбкунанда мебошад. Дар як тарафи майдон харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар тарафи дигар ба хотири ҷалби наврасону ҷавонон ба донишандӯзӣ ба таври рамзӣ китоб гузошта шудааст.

Дар ҳудуди иншоот гӯшаи қаҳрамонон ва 5 суҳбаткада ташкил гардида, ҳамчунин 10 адад нишасткурсӣ гузошта шудааст. Дар ин ҷо ошхона ҳам мавҷуд мебошад. Барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаëти солим ду майдончаи варзишии ҷавобгӯ ба талаботи бозии футболи хурд, майдонча барои бозии кӯдакон, инчунин толори саққобозӣ бунёд намудаанд. Инфрасохтори иншоот ҳамаи табақаи ҷомеаро фаро мегирад.

Роҳравҳо бо истифода аз тахтасангҳои истеҳсоли ватанӣ барои сайру гашт ва таъмини фароғати сокинон мувофиқ гардонида шудаанд.

Барои таъмини равшанӣ дар шаб 55 сутунпоя насб гардида, ҳудуди боғ бо фурӯзонакҳои муосир чароғон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳман ҳамкории соҳибкоронро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шоистаи таҳсин хонда, аз масъулин истифодаи самараноки имконоти мавҷударо талаб намуданд.

——————————————————————
ахбори точикистон имруз,
Сархатти рӯйдодҳои 20 уми августи соли 2021
Сархатти рӯйдодҳои 15 уми августи соли 2021
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (19.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (18.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (10.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (26.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (17.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (10.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (14.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (03.08.2021)اخبار تاجیکستان .
Ахбори Озодӣ аз 5-уми январи соли 2021 (Пахши зинда)
Ахбори Озодӣ аз 22-уми декабри соли 2020 (Пахши зинда)
Ахбори Озодӣ аз 25-уми декабри соли 2020 (Пахши зинда)
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (21.1.2021)اخبار تاجیکستان
Ахбори Озодӣ аз 8-уми декабри соли 2020 (Пахши зинда)
озоди видео имруз,
озоди радио 2021,
озоди ахбори 2021,
ахбори озоди,
ахбори точикистон имруз,
ахбори вкд 2021,
ахбори озоди 2021,
——————————————————————
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★ Telegram: https://t.me/AkhboriTojikiston
★ WebSite: https://www.tvt.tj
#Tajikistan #Dushanbe #AkhboriTojikistonне
Категория
Видеоуроки самбо
Комментариев нет.