2 ноября 2020 г.

8 Просмотры
Издатель
БА ТАВАҶҶУҲИ ФЕДЕРАТСИЯИ ДЗЮДОИ ҶТ
Агар устодони варзиш оид ба дзюдо бошанд, лутфан ин навори кӯтоҳро тамошо карда, варзишгаронро одилона баҳогузорӣ намоянд. Ин навор аз мусобиқаи гӯштин оид ба дзюдо, ки байни дзюдочиёни минтақаи Кӯлоб, ки имрӯз баргузор гардид, сабт шудааст. Таваҷҷуҳ кунед: Баъди аз ҷониби варзишгар бо яктаки кабуд - Маҳмадалиев Сорбон, иҷро гардидани ин усул, довар онро "ипон" дониста, идомаи қувваозмоиро боздоштааст. Мутаассифона, сардовар, ки устоди варзишгари яктаки сафедпӯш будааст, ғолибияти Сорбонро қабул накардааст. Барои идомаи қувваозмоӣ дақиқаи иловагӣ таъин кардааст. Шоҳидон мегӯянд, ду маротиб Сорбон ғолиб омад, вале сардовар онро напазируфт. Билохира бурд насиби шогирди сардовар гардидааст. Фикри шумо чист?
Комментариев нет.